Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ва Аврупо низоми нави молиро баҳс мекунанд


Охири ҳафтаи равон раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА вохӯрӣ доир намуда, барномаи мулоқоти раҳбарони кишварҳои олам бахшида ба ислоҳоти низоми молии байналмилалиро тарҳрезӣ мекунанд.

Ин нақша рӯзи панҷшанбе дар поёни мулоқоти раҳбарони 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо дар Брусел эълон шуд.

Раҳбари даврии Иттиҳодияи Аврупо президенти Фаронса Николас Саркозӣ мегӯяд, ки ҳамаи аъзои ин созмон аз барномаи наҷоти бонкҳо пуштибонӣ мекунанд.

Саркозӣ бо ишора ба рукуди иқтисодӣ даъват кард, ки чораҳои муштарак қабул шаванд. Вале сарвазири Люксембург Жан-Клод Янкер, ки раҳбарии гурӯҳи 15 кишвари узви минтақаи пули аврупоӣ: евроро бар дӯш дорад, гуфт, Иттиҳодияи Аврупо ҳеҷ барномае барои тақвияти рушди иқтисод қабул накардааст.

XS
SM
MD
LG