Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумон иловаҳо ба қонуни буҷаро рад кард


Бинои порлумони Тоҷикистон
Бинои порлумони Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи иловаҳо ба «Қонуни буҷаи давлатии соли 2008»-ро, ки аз сӯи ҳукумат пешниҳод шудааст, таъйид накард.

Бар асоси тарҳи пешниҳодии ҳукумат, таҷҳизоте, ки барои бунёди «Боғи устод Рӯдакӣ» дар шаҳри Душанбе аз хориҷ оварда шудааст, аз пардохти молиёт озод мешавад. Аммо вакилони Маҷлис ба иллати адами феҳристи амволи воридшуда ва ношаффофӣ дар масрафоти маблағи харҷшуда аз таъйиди ин лоиҳа худдорӣ карданд.

Муаллифони тарҳи тағйирот ба «Қонуни буҷаи давлатии соли 2008» аз вакилони Маҷлиси намояндагон тақозо доранд, бо таъйиди ин санад шароити ҳуқуқии напардохтани молиёт барои таҳизоти воридшуда ба сохтмони «Боғи устод Рӯдакӣ» дар маркази шаҳри Душанберо ба маблағи ду миллиону чаҳорсад ҳазор сомонӣ фароҳам кунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки корҳои сохтмонӣ дар ин боғ ба анҷом расида, имрӯз мавриди баҳрабардории сокинин ва меҳмонони пойтахт қарор гирифтааст.

Бархе аз вакилони Маҷлиси намояндагон бо ишора ин нукта, ки ҳадафи тарҳи пешниҳодӣ равшан ва дақиқ нест, тасдиқи онро дар ҷаласаи имрӯзи худ амали нодуруст арзёбӣ карданд. Нуралӣ Риоев, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, зимни таъкиди ин нукот ҳамчунин бо тааҷҷуб гуфт, ки дар ҳоле таҷҳизоти сохтмонӣ хеле муддатҳо қабл аз пешниҳоди тарҳи иловаҳо бо қонуни буҷаи соли равон ворид ва истифода шудааст, сабаби ба таъхир тасдиқи ин санад дар порлумон нофаҳмо боқӣ мемонад.

Вай афзуд: «Боғро аллакай сохтанд, ба истифода доданд. Агар то ин вақт озод мекардем, дуруст буд. Лекин баъд аз оне, ки сохтанду маблағро истифода бурданд, оё фаҳмидан мумкин аст, ки чи қадар маблағ истифода шуд ва бо кадом андоза мо онҳоро озод мекунем».

Сафаралӣ Гулов, узви Кумитаи иқтисоду буҷа дар Маҷлиси намояндагон, ки масъулияти тавзеҳи моҳияти тарҳи тағйироти мазкур ба ӯҳда доштааст, гуфт, ки дар пешниҳоди лоиҳа ба Маҷлис таъхир сурат гирифтааст: «Аз сабабе, ки мумкин дертар ба Маҷлиси намояндагон ворид гаштааст, лекин маҳсулоте, ки барои сохтмони боғ ворид гаштааст, 12 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла худи ҳайкал ҳам дар шаҳри Маскав сохта шудааст ва маблағи он се миллион сомонист. Аз ин маблағи андоз аз арзиши иловашуда ду миллиону чаҳорсад ҳазор сомониро ташкил медиҳад».

Аммо посухи ӯ вакилони порлумонро қонеъ накард ва Сайдулло Хайруллоев, раиси Маҷлиси намояндагон, бо зикри ин нукта дубора риштаи суханро ба Нуралӣ Риоев дод. Оқои Риоев гуфт: «Ҳозир буҷаи мо он қадар кушод нест. Ҳозир мо танҳо суханро тасдиқ карда истодаем. Яъне лоиҳаи қонуне, ки мо қабул мекунем, фақат аз гап иборат аст. Мо намедонем, ки молҳои зарурӣ ворид карда шудааст. Ҳозир мо намедонем, ки чиҳо озод карда мешаванд ва бо кадом маблағ».

Аммо Исмоил Талбаков, вакили порлумон аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мӯътақид аст, дар тарҳи пешниҳодии ҳукумат барои озодсозии пардохти молиёти таҳҳизоти воридотӣ ба иншооти «Боғи устод Рӯдакӣ» номафҳумие вуҷуд надорад: «Аз гумрук маҳз ҳамин қонун даркор аст, ки мол ворид шавад. Маҳз ҳамин қонун барои гумрук даркор аст. Барои ҳамин он қабул карда мешавад. Вақте қарори ҳукумат дар ин замина қабул шуд, мо се моҳ дар таътил будем».

Аммо ин андешаи ӯро вакилони дигар, аз ҷумла Юсуф Аҳмадов, радд карданд. Оқои Аҳмадов гуфт, ки ҳоло рӯшан нест, ки чи миқдор маҳсулоти воридшуда барои сохтмони ин боғ дар дохили худи кишвар мавҷуд аст ва оё ворид кардани он аз хориҷи кишвар зарур буд, ё хайр: «Барои ҳамин ман пешниҳод мекунам, ки масъули ҳукуматӣ биояд ва феҳристи маҳсулотро пешниҳод кунанд. Мумкин ними ин маҳсулотро худи Тоҷикистон истеҳсол мекунад, барои чи берун аз Тоҷикистон ворид кардан даркор? Ман пешниҳод мекунам, ки ин тарҳ баргардонида шавад».

Дар ҳамин ҳол Муҳиддин Кабирӣ, вакил аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз вакилони маҷлис даъват кард, ки набояд дар нақши вакилони дифои афрод ва ё идороте фаъолият кунанд, ки бевосита аз ин кор манфиат мебинанд: «Чаро мо вакилон ба ҳайси адвокати муаллифи лоиҳа дар инҷо баромад мекунем. Бигзор чунин масоили баҳсиро худи муаллифон ва нафарони манфиатдор рӯшан кунанд ва ба саволҳо ҷавоб диҳанд».

Ва дар ниҳоят Сайдулло Хайруллоев, раиси Маҷлиси намояндагон, зимни муроҷиат ба вакилон гуфт, ки решаи асосии пешниҳоди ин тарҳ ба таври нася ворид кардани ин таҷҳизот аст: «Решаи ин корро ман барои шумо мегӯям, ки қарор аз тарафи ҳукумати шаҳр қабул карда шудааст, дар доираи буҷаи шаҳр. Ҳоло сохтмон тамом шудааст, лекин ҳамаи он қарз аст. Вақте ин қонун қабул шуд, инҳо мебаранд онро ба гумрук ва мегӯянд, ки 20 фоизашро озод бикун. Решаи қабули ҳамин қонунро гуфтам, ки ҳамин чизҳо ҳамааш нася омадааст. Ҳисоббаробаркунӣ ба охир нарасидааст. Ҳаминро, ки мо қабул мекунем, мебаранду ҳисобро баробар мекунанд».

Ба ин тартиб порлумон тарҳи тағйиру иловаҳо ба «Қонуни буҷаи давлатии соли 2008»-ро, ки аз сӯи ҳукумати ин кишвар пешниҳод шудааст, таъйид накард ва баррасӣ ва муҳокимаи онро бидуни муаллифон ҷоиз нашуморид.

«Боғи устод Рӯдакӣ» дар маркази шаҳри Душанбе дар ҷойи пешинаи боғи ба номи Ленин ба муносибати ҷашни 1150-солагии поягузори шеъри форсу тоҷик бунёд шудааст. Аз буҷаи шаҳри Душанбе барои анҷоми корҳои сохтмонии ин боғ 12 миллион сомонӣ ва барои ҳайкали нави Рӯдакӣ се миллион сомонӣ масраф шудааст.

XS
SM
MD
LG