Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Русияву Гурҷистон шурӯъ шуд


Русия ва Гурҷистон пас аз муноқишаашон бар сари минтақаи Осетияи Ҷанубӣ дар тобистони имсол, имрӯз бори аввал сари мизи музокирот нишастанд. Бан Ги Мун - бабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ҳадафи ин музокироти паси дарҳои баста, барқарор кардани эътимод миёни ду тараф аст. Дар ин гуфтугӯҳо, ҳайъати Амрико ва намояндаҳои Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон ҳузур доранд. Бинобар муқаррароти сахти баргузоркунандагони нишаст, ҳатто ба хабарнигорон иҷоза надодаанд, ки ҳайъатҳои музокиракунандаро ҳангоми вурудашон ба бинои Созмони Милал дар Женева акс бигиранд.
XS
SM
MD
LG