Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қимати саҳҳом дар бозорҳо боз поён рафт


Қимати саҳҳом дар бозорҳои молии Аврупо ва Осиёи имрӯз поёнтар рафт, чун тарс аз рукуди иқтисодӣ дар ҷаҳон дигарбора боло гирифт. Коҳиши андаки қимат дар бозорҳои молӣ баъди ду рӯзи боло рафтани қимати саҳҳом сурат мегирад, ки ба он талошҳои ҳамоҳангшудаи кишварҳои барои эҳёи низоми бонки гирифтори мушкилот мусоидат кард. Аммо ҳанӯз ҳам нигарониҳо боқист, ки барномаҳои миллиардолларии кӯмак ба бонкҳо, барои иқтисод гарон афтида ва таъсири чандоне барои пешрафти иқтисоди сустҳаракат нахоҳанд дошт. Қимати нафти хом низ дар бозори ҷаҳонӣ аз 79 доллар барои як бӯшка ҳам поён омад, агарчӣ аввали сол як бӯшка нафтро бо қиммати тақрибан 150 доллар мефурӯхтанд.
XS
SM
MD
LG