Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Реҳлати депутати собиқ дар боздоштгоҳи муваққатӣ


Саъдулло Раҳимов, вакили собиқи Маҷлиси намояндагони ноҳияи Мўъминобод, дар боздоштгоҳи муваққати Қўрғонтеппа даргузашт.

Ба иттилоъи манобеъи ғайрирасмӣ, Саъдулло Раҳимов, ки чаҳор моҳи қабл додгоҳи вилояти Хатлон ба баррасии парвандаи ҷиноии вай шурўъ карда буд, дар боздоштгоҳи муваққат даст ба худкушӣ задааст.

Ва аммо Саидмурод Қодиров, иҷрокунандаи вазифаи додситони вилояти Хатлон, ҳама гуна тахмину фарзияҳоро оид ба реҳлати ғайритабии ў рад карда, гуфт, Саъдулло Раҳимов бар асари хурўҷи беморияш дар боздоштгоҳ вафот кардааст:

«Дар рафти баррасии судӣ бинобар бемор шудани Раҳимов, ки бемории ўро хулосаҳои дахлдори мақомоти тандурустӣ тасдиқ мекунанд, Раҳимов ба изолятори табобатӣ фиристода шуд. Ўро дар он ҷо табобат карданд, аммо бинобар хурўҷ кардани беморияш Раҳимов вафот кард».

Пайвандони вакили мардумии собиқ дар ин иртибот аз сўҳбат бо расонаҳо худдорӣ меварзанд.

Саъдулло Раҳимови 63-сола, раиси хоҷагии деҳқонии мавсум ба «Навбаҳор» ва ҳамзамон вакили Маҷлиси маҳаллии Мўъминободро мақомоти додситонӣ дар қатли инсон, сӯистифода аз мақоми хидматӣ, бемасъулиятӣ, таҳқири намояндаи ҳокимияти давлатӣ ва бисёрникоҳӣ муттаҳам мекард.

Саидбек Нуриддинов, вакили мудофеъи собиқи вакили марҳум, ба расонаҳо таъкид мекард, ки нафари таҳти ҳимояташ аслан бегуноҳ буд, чун дар гузашта мақомоти додситонӣ чаҳор маротиб алайҳи Раҳимов парвандаи ҷиноӣ кушода, бинобар адами далелҳои шайъӣ, онро лағв карда буд.

«Куштори барқасдонаи як тракторист дар ноҳияи Мўъминобод, ки ба сари Раҳимов мезананд, низ барқасдона не, ғайриихтиёр сар задааст ва нафари таҳти ҳимояти мо барои зинда мондани вай талош кардааст, ўро то бемористон расонидааст. Дигар бандҳои кодекси ҷиноӣ, ки Раҳимовро бар асоси онҳо муттаҳам мекунанд, агар дар додгоҳ ҳам собит мешуданд, мавриди қонуни афв қарор мегирифтанд.»

Мақомоти додситонии Хатлон мегўянд, барои ба курсии айбдории додгоҳ нишондани вакили пешини Маҷлиси маҳаллии Мўъминобод аз соли 1996 бад-ин сў талош кардааст. Дар чанд соли ахир вакилони Маҷлиси ноҳияи Мӯъминобод бар хилофи тақозоҳои додситонӣ ҳамтои худ Саъдулло Раҳимовро, ки ҳамчун вакил аз ҳаққи дахлнопазирӣ бархурдор буд, аз ин ҳуқуқ маҳрум намекард. Танҳо пас аз чаҳор маротиб рад шудани тақозои додситонӣ ва таҳдиди парокандакунии Маҷлиси вакилони Мўъминобод, Саъдулло Раҳимов аз ҳайати вакилони маҳаллӣ берун ва мавриди боздошт қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG