Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кони гази Ёлатан яке аз бузургтарин конҳои дунёст


Normal 0

Матбуоти Туркманистон мегӯяд, коршиносон яке аз бузургтарин конҳои гази дунё будани кони кашфшудаи Усмон дар ҷануби Ёлатанро тасдиқ кардаанд. Хабаргузории давлатии “Хабарларӣ” мегӯяд, бузургии захоири кони Ёлатанро ширкати бритониёии GCA (Gaffney, Cline & Associates) таъйид кардааст.

Туркманистон бахши аъзами гази тавлидотиашро ба Русия фурӯхта, ба бозори Чину Ҳинд ва Покистон низ роҳ пайдо кунад. Вале пеш аз роҳандозии чунин тарҳҳои бузург Ишқободро лозим буд, захоири мавҷудаи газашро тавассути як таҳқиқоти мустақил таъйид кунад. Ширкати GCA то ҳол хабари расонаҳои Туркманистонро тасдиқ ё радд накардааст.


XS
SM
MD
LG