Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши мавридҳои ҳукми марг дар Саъудия


Созмони Афви байнулмилал мегӯяд, ки дар Арабистони Саъудӣ мизони ҳукмҳои эъдом боло рафта ҳамакнун мақомот ба ҳисоби миёна ҳар ҳафта ду нафарро бо ин ҳукм муҷозот мекунанд. Ин гурӯҳи мудофеи ҳуқуқи инсон, мустақар дар Лондон мегӯяд, ки нишондодҳои ҳукми марги Саъудия яке аз баландтарин дар ҷаҳон мебошад. Ин гузориш ҳокист, ки дар аксар ҳолатҳо муҷримон, аз ҷумла хориҷиҳо аз хонаводаҳои нодору фақири қораи Осиёву Африқо буда, аз оддитарин имконияти дастрасӣ ба вакил маҳрум мебошанд. Соли гузашта 158 нафар ва то августи имсол 71 нафар дар ин кишвар ба ҳукми марг маҳкум шуданд.
XS
SM
MD
LG