Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳоккейбози рус дар ҷараёни мусобиқа даргузашт


Як бозигари ҷавони ҳоккеи Русия, узви клуби лигаи миллии New-York Rangers Алексей Черепанови 19-сола дар ҷараёни як мусобиқа шоми душанбе даргузашт. Вай дар дақиқаи 57-уми бозӣ дар ҳайати дастаи "Авангард"-и Омск, ки бо "Витяз"-и Чехов, дар вилояти Маскав ҷараён дошт, аз по уфтод ва баъди ду соат дар шифохона бар асари норасоии қалбӣ даргузашт. Ӯро чун як ҳоккейбозони умедбахш ва боҳунар дар миёни ҳамсолонаш мешинохтанд. Расонаҳои русӣ мегӯянд, масъулини варзиш дар ҳайратанд, ки чӣ гуна ин варзишгареро, ки нишонаҳои бемории қалбро доштааст, барои бозӣ дар мусобиқаҳо роҳ додаанд.
XS
SM
MD
LG