Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои қозии СММ барои боздошти ду фирорӣ


Додгустари аршади додгоҳи ҷиноёти ҷангии СММ барои Югославияи пешин ба боздошти билофосилаи ду фирории баландпояи ҷанги солҳои 1990-уми Балкан амр дод. Президенти трибунал, қозӣ Фаусто Покар ахиран дар Маҷмаи кулли СММ гуфт, ки фармондеҳи сербҳои босниягӣ Радко Младич ва раҳбари пешини сербҳои Хорватия Горан Ҳадзич бояд дастгир шаванд. Покар мақомоти Сербистонро барои боздошт ва таслими раҳбари сербҳои Босния Радован Караҷич ва собиқ фармондеҳи полис Стоят Зюплянин тобистони имсол ситоиш кард ва гуфт, ки кори трибунали низомӣ наметавонад то замони боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шудани Младич ва Ҳадзич ба анҷом расад.
XS
SM
MD
LG