Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш аз фаъолшавии нақшаи наҷот хабар дод


Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш нақшаи ҳукуматро барои харидории саҳмияҳои бонкҳо ба хотири таъмини эътидоли низоми бонкдорӣ эълон кард. Бо пахши изҳороте имрӯз дар Кохи Сафед вай гуфт, ки давлат инчунин қарзҳои берунаи бонкиро барои эҳёи дубораи бозори қарз кафолат медиҳад. Мақомот имрӯз гуфтанд, ки ҳукумат саҳмияҳои бонкҳои дучори мушкилшуда, аз ҷумла чанд бонки азимтарини кишварро ба маблағи 250 миллиард доллар харидорӣ хоҳад кард. Маблағҳои мазкур бахше аз нақшаи наҷоти ҳукумат ба маблағи 700 миллиард доллар мебошад, ки моҳи ҷорӣ аз ҷониби Конгресси Амрико пазирифта шуд. Аммо ин навбат сиёсати кӯмаки ҳукумат ба бонкҳо тағйир хӯрда аз харидории ба истилоҳ қарзҳои бад ба харидории саҳмияҳои ин бонкҳо равона мешавад. Рӯзи душанбе чанд ҳукумати аврупоӣ низ гуфтанд, ки ният доранд ба айнан чунин иқдом даст зананд ва бо харидории саҳмияҳои бонкҳои дучори мушкилшуда ба онҳо ба маблағи 1,7 триллион Евро, муъодили 2,3 триллион доллар кӯмак ироа кунанд. Баъди пушти сар шудани бадтарин ҳафта аз лиҳози нишондодҳои бозор, рӯзи душанбе қимати саҳҳом дар Амрико беш аз 11 дар сад афзоиш ёфт. Дар дигар нуқоти ҷаҳон ҳам ҳамингуна болоравии қимати саҳҳом ба мушоҳида расидааст.
XS
SM
MD
LG