Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама барномаи ҷадиди наҷот таҳия кардааст


Normal 0

Се ҳафта қабл аз интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико, Барак Обама, номзади ҳизби демократ, як барномаи 60-миллиарддолларии наҷоти иқтисоди Амрикоро пешниҳод кардааст. Обама гуфт, тарҳи ӯ аз ҷумла муваққатан ба таъхир андохтани пардохтҳои молиётӣ барои ширкатҳоеро дар назар дорад, ки ҷойҳои нави кор таъсис медиҳанд.

Ин барнома ҳамчунин барои он соҳибони манзил, ки дар амри пардохтани пули хонаи худ талош ншон додаанд, 90 рӯзи тахфиф муқаррар мекунад.

Пешниҳоди ин барнома дар ҳолест, ки рӯзи душанбе дар пайи эъломи барномаҳои пурҳазинаи раҳоӣ аз бӯҳрон аз ҷониби давлатҳои Аврупо вазъ дар бозорҳои молӣ каме таскин ёфт.

Танҳо 4 кишвар- Бритониё, Олмон ва Фаронсаву Испания барои наҷоти иқтисодҳои худ дар маҷмӯъ 2 триллиону 300 миллиард доллар ихтисос додаанд.

Дар пайи ин иқдомот, қимати шохисҳо босуръат рушд кард. Бозори молии Амрико ва Олмон дар як рӯз ба 11 дарсад ва Бритониё – ба 8 дарсад афзоиш даст ёфтанд.


XS
SM
MD
LG