Кругман профессори донишгоҳи Принстон ва таҳлилгари иқтисодии рӯзномаи "The New York Times" аст. Фарҳангистони улуми шоҳигарии Шветсия заҳматҳои Кругманро дар таҳлили тарҳҳои тиҷоратӣ ва мавқеияти фаъолиятҳои иқтисодӣ ба назар гирифта ӯро сазовори бурдани ин мукофоти бонуфузи ҷаҳонӣ донист.
Дар шароите, ки ҷаҳон дар рӯбарӯи як бӯҳрони азими молӣ қарор дорад, ҷоизаи имсолаи Нобел дар риштаи иқтисод ба дасти як академики либерали амрикоӣ супурда мешавад, ки бо назарияҳояш дар робита бо муассирияти тиҷорати озод ва урбанизатсияи иқтисоди ҷаҳонӣ маъруф шудааст. Пол Кругман профессори 55-сола, шореҳ ва нависанда барои таҳлилҳояш дар мавзӯи тиҷорати байналмилалӣ ва тамоюлҳои ҷуғрофии иқтисодӣ лоиқи бурдани ин ҷоиза дониста шуд. Фарҳангистони улуми шоҳигарии Шветсия зимни эълони исми Пол Кругман гуфт, ки таҳқиқоти вай даррҳоро барои дарки беҳтари назарияҳои иқтисоди ҷаҳонӣ боз кардааст.
Назарияи суннатии тиҷорат ҳокист, ки моли содиронии як кишвар мутобиқи хусусиёти инфиродии он таъйин мешавад. Ҳайати додгустарии ҷоизаи Нобел навиштааст, ки назарияҳои Кругман мушаххасан тавзеҳ медиҳад, ки бо чӣ сабаб тиҷорати ҷаҳонӣ дар асл дар кишварҳое бартарӣ дорад, ки на танҳо шароити ҳамсонро доранд, балки инчунин моли шабеҳи ҳамро ба фурӯш мегузоранд". Таҳқиқоти Кругман инчунин парда аз тамоюлҳои ҷуғрофии рушди иқтисодӣ бардошта тавзеҳ медиҳад, ки бо кадом роҳ нуқоти ҷаҳон ба манотиқи аз лиҳози фаннӣ пешрафта, ё марказҳои ба истилоҳ шаҳришуда ва камтар пешрафтаи шаҳристонӣ тақсим мешавад ва ба чӣ шакл ин тамоюлҳо дар вазъи иқтисодии ин манотиқ инъикос мешавад.
Дар ҳоле, ки дар гузашта маъмулан дар бораи барандаҳои ҷоизаи Нобел дар риштаи иқтисодӣ мегуфтанд, ки онҳо бештар дар доираҳои илмии маҳдуд ошно ҳастанд, ин навбат ҷоизадори мукофоти баландтарини ҷаҳонӣ барои хонандаҳои нашрияҳову тамошобинони телевизион хеле шинохташуда аст. Пол Кругман шореҳи хеле маъруфи иқтисодӣ буда, дар нашрияи "The New York Times" бахши вижаи худро дорад. Ӯро мунаққиди шадидлаҳни сиёсати иқтисодии Буш мегӯянд: вай, масалан, ба шиддат мухолифи қабули нақшаи наҷоти 700-миллиардолларии Ҳенрӣ Полсон буд, ки ахиран барои наҷоти низоми молии Амрико пазируфта шуд.
Рӯзи душанбе, баъди эълони исми Кругман ба унвони барандаи имсолаи ҷоизаи Нобел, вай дар нахустин мусоҳибааш бо телевизиони Шветсия гуфт, ки ин ҳодиса боиси куллан тағйир ёфтани нақшаи кории вай дар рӯзҳои наздик мешавад. "Вале ман умед дорам, ки баъди ду ҳафтаи дигар ман дубора боз ҳамон шахсе мешавам, ки будам", гуфтааст вай. "Ман мутмаинам, ки корамро бояд идома диҳам ва чандон тағйироти ҷиддие нахоҳад шуд", гуфтааст вай.
Кругман дар гузашта хеле зиёд роҷеъ ба эҳтимоли сар задани бӯҳрони қарзӣ дар Амрико ҳушдор дода гуфтааст, ки болоравии мизони масрафоти дохилӣ ва дефитсити калони тиҷоратӣ метавонад паёмадҳои нохушоянде барои иқтисоди дохилии Амрико ва инчунин иқтисоди ҷаҳонӣ дар пай дошта бошад.
Дар яке аз матлабҳояш дар нашрияи "The New York Times" августи соли 2005 вай навишта буд: "Онгуна ки ман мегӯям, имрӯзҳо амрикоиҳо аз роҳи фурӯши манзилҳои ҳамдигар бо пуле, ки аз Чин қарз гирифтаанд, рӯз мегузаронанд".
Ҷоизаи Нобел ба барандааш 10 миллион крона, муъодили 1,4 миллион доллари амрикоӣ эҳто мекунад. Ин шашумин ҷоизаи Нобел аст, ки имсол тақдим мешавад. Дар рӯзҳои гузашта исми барандаҳои он дар риштаҳои тибу илмҳои физика, химия, адабиёт ва сулҳ эълон шудааст. Ҷоизаи Нобел дар риштаи иқтисод танҳо мукофотест, ки дар оғоз аз ҷониби донишманди швед Алфред Нобел ҳангоми таъсиси он дар соли 1895 андешида шуда набуд. Ин ҷоиза танҳо дар соли 1968, яъне солҳои зиёд баъди марги донишманди маъруф аз ҷониби бонки марказии Шветсия вориди феҳрасти озмун шудааст. Маросими ҷоизасупорӣ қарор аст 10 декабри имсол дар Стокҳолму Осло баргузор шавад.
Онхоро Сталин не, балки раисони "ланг"-и хамонвактаи точики худамон "душмани халк" хисобиданд! Барои мансаб, вазифа, рашк, хасад ва гайраю гайра.... Афсус, Сталин душманони асоси халкро нест карда натавонист.
Агар зинда мемонд чизе рушан мешуд, мисли казияи муовини вазири мудофиа Назарзода бисёр сирхо ин даъва низ зери хок рафтанд. Вале то кай?
Россия
Душанбе монополия. Дар казокистон орда бо сомони 170 сомони мешавад.вакте шар номарди шид байни давать бояд то точикистон нархи як линга орда 170 сомони бошад.дар кучо аст инсоф .дар боли як линга орда 170 сомони дигар зам мешавад.аз худо тарсед.
Душанбе