Пайвандҳои дастрасӣ

«Хуҷанд» ва «Энергетик» - дар финали Ҷоми Тоҷикистон


Дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Энергетик»-и Душанбе ба даври ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2008 роҳ ёфтанд.

Бозиҳои ҷавобии ниманиҳоӣ шоми 12-уми октябр ба анҷом расиданд. Дидори дастаи «Хуҷанд» бо тими мизбон – CSKA «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт. Ёдовар мешавем, дар бозии аввали ниманиҳоӣ «Хуҷанд» дар майдони худ бо ҳисоби 2:0 пирӯз гардида буд.

Вале дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ғайричашмдошт дар бозии ҷавобии ниманиҳоӣ аз тими меҳмон - «Энергетик»-и Душанбе – бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. Бозии аввал дар Душанбе бо ғалабаи футболбозони шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 2:0 ба анҷом расида буд.

Бад-ин тартиб дар бозии ниҳоӣ «Хуҷанд» ва «Энергетик» барои ба даст овардани Ҷоми Тоҷикистон-2008 рақобат хоҳанд кард.

Бо тасмими Федеросиюни футболи Тоҷикистон бозии ниҳоӣ 22-юми октябр дар вилояти Суғд - ё дар варзишгоҳи «Фурудгоҳ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ё дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд - доир хоҳад шуд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG