Ин кумисиёни иборат аз вакилони мардумии Аляска иддаъо намудааст, ки номзад аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ ба ноибпрезидентии ИМА Сара Пейлин ба мақомоти зердасташ фишор овардааст, то афсари пулисеро, ки аз хоҳари ӯ ҷудо шудааст, аз кор ронанд. Аммо масъулони ситоди интихоботии хонум Пейлин ин иддаъоро рад мекунанд. Дар ҳамин ҳол, кумисиёни дуҳизбии Шӯрои Қонунгузори Аляска исбот намудааст, ки хонум Пейлин “бар асоси қонун ва ба таври муносиб” рафтор кардааст. Таҳқиқи рафтори хонум Пейлин бар асоси даъвои Волтер Монеган раиси идораи пулиси Аляска сурат гирифт, ки мегӯяд, губернатори иёлат Сара Пейлин ӯро ноодилона аз кор сабукдӯш кардааст, зеро Волтер Монеган бо вуҷуди фишори хонум Пейлин ва шавҳараш корманди идораи пулис ва шавҳари хоҳари хонум Пейлин Майк Вутенро аз кор нарондааст. Сара Пейлин пофишорӣ дорад, ки Волтер Монеганро барои мухолифаташ дар масъалаи тақсими буҷаи пулис аз кор сабукдӯш намудааст. Ҳарчанд тибқи хулосаи кумисиён Волтер Монеган бар асоси қонун аз мақомаш барканор шудааст, аммо фишори хонум Пейлин ва шавҳараш ба Волтер Монеган мухолифи қонуни рафтори мақоми давлатӣ будааст. Ҳарчанд бар асоси қонунҳои иёлат вакилон ҳаққи андешидани чораҳои ҳуқуқиро надоранд, аммо хулосаи онҳо обрӯи Сара Пейлинро, ки номзад ба мақоми раисҷумҳури кишвар Ҷон Маккейн ӯро ноъибаш интихоб кард, мерезонад. Лид Грин, сенатор аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ, дар мавриди хулосаи кумиссиён гуфт, мансабдорон бояд ба васвасаи суъистифода аз мақом дода нашаванд: «Ман танҳо ҳаминро фикр мекунам, ки вақте мо дар мақоме ҳастем, бояд ҳамеша бисёру бисёр ва боз ҳам бисёр эҳтиёткор бошем, зеро ҳамроҳ кардани зиндагии хусусӣ ба корҳои идора ҳамеша як васваса аст». Ин ҳама дар ҳолест, ки дар вокуниш ба хулосаи кумисиёни таҳқиқи рафтори Сара Пейлин сухангӯи ситоди интихоботии Ҳизби Ҷумҳурихоҳ Меган Стаплетон ба таври возеҳ изҳор намуд, ки хонум Пейлин бегуноҳ аст: «Дар хулосаи кумисиюн далеле нест, ки хонум Пейлин ғайриқонунӣ аз мақомаш истифода кардааст. Ӯ бар асоси салоҳияти қонуниаш Волт Монеганро ба дигар мақом таъйин намудааст». Ситоди интихоботии номзадҳои Ҳизби Ҷумҳурихоҳ Ҷон Маккейн ва Сара Пейлин эълом намудааст, ки хулосаи гузориши вакилони иёлати Аляска доир ба рафтори хонум Пейлин ба корзори интихоботии онҳо таъсире нахоҳад дошт.
ин аст подош ба ОХУНДХО. хар ки ба душмании точикон равон аст чу эрон, зуд бошад ки сари худ чу гирдоб хурад. ба мардуми бегунох чабр накунед
русский нацист. что это такой.жалко
Бечора Муаллимҳо маошашонро гирифта наметавонанд боз ба моро Арчаи калон насб карданд.Муалимони мӯҳтарам аввалан шумо худ гунаҳкор ҳастед зеро дар вақти интихобот бисёр корҳоро ва хиёнат ба мардум мекунед ана гиред тӯҳфаи вакилонро
Аз тахлилхо бармеояд, ки охиста-охиста маколахои фармоишиатон аз рейтинг галтида истодааст. Шумораи шарху хонандагон кохиш ёфтааст.
Bacheleti jun sababi hamaash magar sankziyahoi noadolatona va ghairiqonuni nestand ki ba joi zeri noxun chirk kovi ba hamon sababhoi kalidi tavajjuh kuned hamaton?