Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таваҷҷӯҳи наврасони тоҷик ба теннис


Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш»-и Радиои Озодӣ тақдими шумо мегардад.

Барнома бо хабарҳои тоза аз мусобиқоти ҷаҳонӣ оғоз мешавад.

Сипас дар ин барнома гузориш дар бораи ҷамъбасти чаҳорумин давраи мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми раисҷумҳури Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шунавандагон пешкаш мешавад. Ҳамчунин сӯҳбате дорем бо коршиноси соҳаи варзиш профессор Анвар Бобоҷонов роҷеъ ба вазъи теннис дар Тоҷикистон.

Дар охири барнома дар бораи дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба армрестлинг ё дастхобонӣ ва омодагии дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон ба даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё маълумот медиҳем.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.

XS
SM
MD
LG