Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонҳо таҳқиқоти амрикоиҳоро рад карданд


Муфаттишони Афғонистон натиҷаҳои таҳқиқоти низомиёни амрикоиро рад карданд, ки мегӯянд, дар ҳодисаи ҳамлаҳои ҳавоии ҳавопаймоҳои амрикоӣ болои деҳае дар моҳи август на 90, балки 33 фарди мулкӣ кушта шуданд. Ин ҳодиса дар рустои Шиндонди ғарби Афғонистон рӯй дод ва дар оғоз амрикоиҳо гуфтанд, ки дар ин амалиёти зиддишӯришиён 5 то 7 ғайринизомӣ кушта шуданд. Дар изҳороти охирини низомиёни амрикоӣ, ки баъди анҷоми таҳқиқоте дар ин замина нашр шуд, гуфта шуд, ки дар он рӯйдодҳо 33 нафар, бо шумули даҳҳо тифл кушта шуданд. Муҳаммад Иқбол Сафӣ, як узви гурӯҳи муфаттишони афғонӣ, ки бо амри раиси ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай таъсис шудааст, натиҷаҳои таҳқиқоти амрикоиҳоро "комилан иштибоҳӣ" хонд. Сафӣ гуфт, ки вай ва гурӯҳи ӯ шаҳодати онро дорад, ки ҳамаи 90 қурбонии ин бомборони ҳавоӣ мардуми осоишта буданд. Ин хабарро инчунин муфаттишони СММ низ таъйид мекунанд.
XS
SM
MD
LG