Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти зидди ҷангиён дар Покистон


Як мақоми амниятии Покистон гуфт, ки чархболҳои низомии Покистон як пойгоҳи ҷангиёнро дар минтақаи шимолу ғарби ин кишвар хароб карданд. Мақоми мазкур дар сӯҳбат бо Франс Пресс гуфт, ки дар натиҷаи амалиёти низомӣ ҷангиёни деҳаи Пиёчар воқеъ дар водии Сват ҳадаф қарор гирифтааст. Хабарҳо роҷеъ ба хисороти шадид ба даст мерасад, ҳарчанд тафсилоти ин хабар ҳанӯз дар даст нест. Баъди кӯшиши ҷорисозии қонунҳои шариат дар водии Сват аз ҷониби фармондеҳ Мавлоно Файзулло ин маҳал шоҳиди даргириҳои шадиди артиш бо ҷангиёни Толибон шудааст.
XS
SM
MD
LG