Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш қонуни ҳамкории ҳастаӣ бо Ҳиндро имзо кард


Normal 0

Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш ба қонуне имзо гузошт, ки роҳро барои ҳамкории ғайринизомии ҳастаӣ бо Ҳинд боз мекунад. Ин қонун ҳафтае пеш аз ҷониби Конгресси Амрико тасвиб шуда буд. Бар асоси ин қонун, Ҳинд ба маводи сӯхт, реакторҳо ва фанновариҳои ҳастаии Амрико дасрасӣ пайдо мекунад. Аз соли 1974, аз замони нахустин озмоиши таслиҳоти ҳастаии Ҳинд ба ин сӯ, дар зарфи 34 сол ҳар навъ ҳамкории Амрико бо Ҳинд дар соҳоти ҳастаӣ мамнӯъ будааст.


XS
SM
MD
LG