Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи мунозираи рӯбарӯи Обама ва Маккейн


Барак Обама ва Ҷон Маккейн, номзадҳо ба мақоми раёсатҷумҳури Амрико
Барак Обама ва Ҷон Маккейн, номзадҳо ба мақоми раёсатҷумҳури Амрико

Дуюмин мубоҳисаи Обама ва Маккейн, номзадҳо ба мақоми раёсатҷумҳури Амрико, асосан марбут ба масоили дохилӣ ва иқтисодӣ буд.

Бо поинравии нишондодҳои бозор амрикоиҳои зиёд аз хонаҳои худ маҳрум мешаванду ҳаҷми нафақа кам шуда мизони бекорӣ афзоиш меёбад. Барак Обама, мисли дафъаи гузашта, бори ин мушкилро ба дӯши маъмурияти Буш вогузор кард ва гуфт, ки бӯҳрони баамаломадаи молӣ ҳосили сиёсати нокоми иқтисодии ҳашт соли гузашта будааст ва Ҷон Маккейн аз он тарафдорӣ мекунад. Обама афзуд, ки барои бурунрафт аз бӯҳрон вай нақшаи кӯмак ба амрикоиҳоро сохтааст:

“Синфи миёна ба як барномаи наҷот ниёз дорад. Ин маънои кам кардани молиёт барои синфи миёнаро дорад, ин маънои кӯмак ба соҳибони манзилро дорад, то ки тавонанд манзили худро ҳифз кунанд. Ин барномаи наҷот бчунин маъно дорад, ки мо ба ҳукуматҳои аёлатӣ ва маҳаллӣ дар амри роҳандозии барномаҳое, ки ҷойи кори мардумро ҳифз кунанд, кӯмак хоҳем расонд”.

Дар навбати худ Маккейн Обамаву дигар демократҳоро дар бӯҳрони баамаломада муҷрим дониста гуфт, ки қабл аз ҳама бояд дар фикри баэътидол овардани қиматҳо шуд ва аз нақшаи кӯмак ба миллати худ ҳимоят кард:

“Ба ҳайси раисиҷумҳури Амрико, ман ба вазири молия дастур хоҳам дод, ки қарзҳои бади бозори манзили Амрикоро билофосила харидорӣ карда, ва ин қарзҳоро тибқи нархҳои нави манзил, тибқи нархҳои пойинрафтаи ин манозил бозбинӣ кунад ва ба мардум имкон ва тавони пардохтани пули қарзи онҳо ва ҳифзи манзилашонро фароҳам созад”.

Дар масоили марбут ба сиёсати хориҷӣ ҳеҷ мавзӯе ба ҷуз Ироқ набуд, ки номзадҳо дар он иттифоқи назар надошта бошанд. Обама мисли ҳамеша ин навбат ҳам таъкид кард, ки хоҳони мудирият ва масъулияти бештари ироқиҳо дар тасмимгириҳои ҳукуматӣ буда, тадриҷан берун шудани нирӯҳоро дар 16 моҳи дигар тақозо хоҳад кард. Маккейн баръакс хоҳони дарозмуддат нигоҳ доштани нирӯҳо то замони мустақилона амал кардани ҳукумат ва сохторҳои амниятии Ироқ мебошад. Ин навбат вай батаъкид гуфт, ки дар сурати зарурӣ, 100 сол ҳам қобили қабул аст, то ки ба ҳадаф бирасед.

"Сенатор Обама нерӯҳои мағлубшударо ба ватан бармегардонад. Ман онҳоро бо пирӯзӣ ва шарофат ба ватан бармегардонам ва ин тафовути бунёдии мо аст".

Дар навбати худ, Обама талош кард дар посух ба иттиҳомоти бетаҷрибагии ӯ аз ҷониби ҷумҳурихоҳҳо айнан ҳамин нуқтаи заъфро дар Маккейн таъкид кунад. Вай гуфт:

"Ҳоло сенатор Маккейн, тавре шумо ҳам хабар доред ба бетаҷрибагии ман ишора мекунад ва мегӯяд, ки худи ӯ ҷиддиву бомасъулият аст. Аммо сенатор Маккейн он нафарест, ки суруда буд: "Эронро бомборон кунед!". Вай ба нобудсозии Кореяи Шимолӣ даъват кардааст. Ман фикр намекунам, ки ин намунаи як сӯҳбати нарм буда метавонад. Мо ҳанӯз дар Афғонистон кори худро ба анҷом нарасонад будем, ки ӯ гуфта буд: "Дар навбат Бағдод аст!".

Зимни муроҷиат ба мавзӯи мубориза бо террор, Обама ба бознигарӣ кардани ин сиёсат даъват кард ва гуфт, ки ҷанг дар Ироқ ва дар Афғонистону Покистон харобиовар будааст. Обама ин навбат ҳам ваъда дод, ки барои боздошти Усома Бин Лоден агар лозим шавад, тавассути Афғонистон вориди Покистон хоҳад шуд.

Мавзӯи дигари мавриди сӯҳбати номзадон Русия ва мавзеъгирии сиёсии Маскав дар аҳди Путин буд. Ин навбат ҳарду номзад розӣ шуданд, ки ин кишвар рафтори душманона дорад ва Маккейн бори дигар гуфт, ки вақте ба чашмони Путин нигоҳ кардааст, се ҳарф - "К Г Б"-ро дидааст. Дар масъалаи Эрон ҳам номзадҳо назари тақрибан ҳамсонро баён карда гуфтанд, ки Ҷумҳурии Исломии дорои аслиҳаи ҳастаӣ ғайри қобили қабул аст.

Қарор аст, мубоҳисаи сеюм ва охирини пешазинтихоботии номзадҳои курсии раёсатҷумҳурии Амрико баъди як ҳафта, 16-уми октябр баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG