Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи Нобел барои кашфи протеини сабз


Мартин Чалфӣ (аз чап), Роҷер Тсиен ва Осаму Шимомура
Мартин Чалфӣ (аз чап), Роҷер Тсиен ва Осаму Шимомура

Барои кашфу истифодаи протеини сабзи флуоресент ҷоизаи имсолаи Нобел дар бахши химияро 3 пажӯҳишгар дарёфт намуданд.

Як пажӯҳишгари японӣ ва ду амрикоӣ, ки ҳамагӣ дар донишгоҳҳои Амрико таҳқиқоти худро пеш мебаранд ба гирифтани ҷоизаи имсолаи Нобел дар бахши химия муваффақ шудаанд. Онҳо ба хотири кашф ва истифодаи протеини сабзи флуоресент ё худ GFP, ки дар ташхиси бемориҳои Алтсҳеймер ва навъҳои мухталифи саратон кумак мерасонад, ба гирифтани маъруфтарин ҷоизаи олам ноил гаштаанд.

Осаму Шимомураи 79-сола, ки шаҳрванди Япония асту дар донишгоҳи Бостони ИМА таҳқиқоташро пеш мебарад, ҳамроҳ бо устоди донишгоҳи Коламбияи Ню-Йорк Мартин Чалфӣ ва Роҷер Тсиени 56-сола аз донишгоҳи Сан-Диегои аёлати Калифорния 1 400 000 доллари ҷоизаи имсолаи Нобел дар бахши химияро байни ҳам тақсим мекунанд.

Протеини сабз дар зери микроскоп

Академияи салтанатии улуми Суэд ё Шветсия онҳоро ба шарофати кашф, таҳқиқ ва истифодаи протеини сабзи флуоресент, яъне протеини сабзи дорои ташаъшӯъ, ки бори аввал соли 1962 дар ҷисми ситораи баҳрӣ ташхис шудааст, ба гирифтани ҷоиза сазовор донистааст.

Пажӯҳишгарони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла биохимикҳо, биологҳо ва табибон, аз протеини сабзи флуоресент дар ташхиси варами саратон, варами майнаи сар маъруф бо номи бемории Алтсҳеймер ва ҳатто ҳуҷайраҳои ангезаи HIV кор мегиранд. Протеини сабзи флуоресент ё худ GFP дар зери шуъои кабуд ва ултрабунафш намоён мешавад. Роҷер Тсиен гуфт, ки аз гирифтани ҷоиза хеле хушҳол аст: "Мо ҳамоно кӯшиш дорем, ки роҳҳои нави вуруд ба дохили ҳуҷайра ва таркиби ҷисми зиндаро идома диҳем. На танҳо бо истифода аз GFP, балки бо фанновариҳои нав, аввалан, бо истифодаи рангҳои гуногун ва, сониян, коргирии ин кашфиёт дар табобатгоҳҳо. Мутаассифона, протеини сабзи флуоресентро наметавон мустақиман ба ҷисми инсон ворид намуд, зеро ибтидо вуруди он ба ген зарур аст".

Тсиен изҳори нигаронӣ кард, ки кашфиёти онҳо бо ҳадафҳои ҳунарӣ ва тиҷорӣ истифода мешавад. Аз ҷумла, гени протеини сабзи флуоресентро баъзеҳо ба ҷисми моҳиҳои аквариумӣ дохил мекунанд, то онҳо тобон бошанд.

XS
SM
MD
LG