Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бадахшон: масоъили ҳалталаби кӯдакони маълул


Дари ягона маркази таълим ва барқарорсозии саломатии кӯдакони маълули устони Бадахшон зиёда аз як моҳ боз бар рӯи таълимгирандагон баста аст.

Сабаби басташавии ин муассисаи таълимӣ дар оғози соли таҳсил риъоят нашудани чораҳои зиддисӯхтор унвон шудааст.Муъовини аввали раиси шаҳр Абдуллоҳ Худобердиев изҳор дошт, ки ахиран бо дарёфти кафолати таъмини бехатарӣ аз ҷониби масъулини марказ дар мавриди оғози фаъъолияти муассисиаи таълимӣ мувофиқа ҳосил шудааст, аммо ҳал нашудани ихтилоф байни идораи сохтмонӣ ва хадамоти сӯхторнишонии вилоят то ҳол дар роҳи шурӯъи фаъъолияи маркази мазкур мушкилот эҷод намудааст.

Дар ҳамин ҳол роҳбарияти марказ бо муроҷиат ба мақомот ва сокинони шаҳр бонги изтироб мезанад, ки бино бар мушкилоти молӣ хавфи басташавии ягона маркази таълими кӯдакони маълул дар Бадахшон ба вуҷуд омадааст. Камол Шанбезода, роҳбари ин марказ, изҳор намуд, ки се сол боз кӯшиши ба маблағгузории буҷаи маҳаллӣ ворид сохтани ин муассисаи таълимӣ номуваффақ анҷом мешавад. Гурӯҳи мутахассисион, мегӯяд ӯ, 6 сол пеш довталабона барои ҳалли як мушкилоти муҳимми иҷтимоъӣ иқдом намуданд ва сараввал бо кумаки сармоягузорони инфиродии хориҷӣ аз Британия, Канада ва Амрико кӯдакони маълулро дар боғча-кӯдакистони шаҳри Хоруғ ва бинои ҳунаристони маркази вилоят ҷамъ оварда, 3 сол қабл барояшон бинои наву муҷаҳҳаз бунёд намуданд. Аз назари вай, мақомоти вилоятӣ расидагӣ ба мушкилоти кӯдакони маълулро то ба ҳол сирф ба созмонҳои байнулмилалии хайрия ҳавола кардаанд ва аз сарчашмаи доимии молӣ маҳрум мондани марказ мушкилоти асосӣ дар роҳи фаъъолияти он шудааст.

Камол Шанбезода гуфт, ки барои пардохти музди кормандону мутахассисон ҳар сол марказ ба 15 000 сомонӣ ниёз дорад: «Фикр намекунам, ки ин маблағи болиғе барои буҷаи вилоят бошад. Дар чунин ҳолат аз самоягузорони хориҷӣ кумаки бештари фанниро интизор доштан мумкин буд».

Дар ҳамин ҳол, 48 нафар тарбиятгирандагони марказ чашмбароҳанд, ки кай аз нав онҳоро ба таълим фаро мегиранд. Нилуфар, яке аз таълимгирандагони маркази мазкур, мегӯяд, ки ҳамсабақонашро пазмон шудааст ва алҳол рӯзҳои танҳоӣ дар хона барояш хеле оҳиста мегузаранд.

Сокини шаҳр Замира Лутфасанова мегӯяд, ки дар ҳамсоягиаш дар маҳаллаи Чухтхоруғ 4 нафар аз чунин маъюбон ба сар мебаранд ва ду нафарашон нуқси забонӣ дошта, узви як хонавода мебошанд.

Ба гуфтаи Замира, бино бар вазъи бади иҷтимоъӣ волидайни ин наврасони маълул маҷбур шудаанд ба қасди пайдо намудани кор диёрашонро тарк кунанд. Тарбияи фарзандони онҳо акнун ба уҳдаи модаркалонашон вогузор шудааст.

Дар мавриди шумораи кӯдакони маълул дар Бадахшон арқоми мухталиф вуҷуд доранд. Сардори марказ мавҷуд набудани арқоми дақиқро далели аз мадди назари мақомот дур мондани ҳалли мушкилоти кӯдакони маълул дар минтақа арзёбӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи баҳисобгирии хонабахона аз ҷониби мутахассисони марказ фақат дар Хоруғ бидуни нобиноён боз зиёда аз 70 кӯдаки маълулро ошкор сохтааст. Теъдоди умумии чунин кӯдакон дар қаламрави вилоят дар ҳоли ҳозир аз 500 нафар зиёдтар мебошад.

Дар ҳамин ҳол, мутахассисон дар сурати қатъи фаъъолияти ин марказ ба муассисаҳои таълимии манотиқи дигар интиқол додани кӯдакони маълули инҷороо амали иҷронашаванда мешуморанд. Ба гуфтаи онҳо, нодории молиявии хонаводаҳо ва идораи тандурустӣ мушкилоти асосӣ аст, аммо кӯдакони маълул ба ғайр аз таълим ба муроқибати ҳамешагии волидайн ва наздикон ниёз дошта, сарфи назар аз ин ҳуқуқашон муғойири меъёрии ахлоқӣ арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG