Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зани маргталаби ироқӣ 6 касро кушт


Бар асари таркиши як зани маргталаб дар беруни кохи додгустарии шаҳри Бақубаи Ироқ дасти кам шаш нафар кушта ва 18 тани дигар захмӣ гардиданд. Бақуба дар 60-километрии шимолу шарқи Бағдод ҷойгир буда маркази вилояти шӯришии Диёла маҳсуб мешавад. Вакил Муҳаммад Тимимӣ гуфт, ки зани маргталаб либоси миллии аз сар то по баста дошт. Дар лаҳзаи вуқӯи таркиш дар дохили додгоҳ афсарони полис ва сарбозон қарор доштанд.
XS
SM
MD
LG