Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юшенко мӯҳлати ташкили эътилофро тамдид кард


Раиси ҷумҳурии Украина Виктор Юшенко гуфт, ки вай ба аҳзоби сиёсии кишвараш фурсати бештар медиҳад, то ки барои ташкили эътилофи парлумонӣ талош ба харҷ диҳанд. Юшенко имрӯз бо раҳбарони гурӯҳҳои парлумонӣ мулоқот кард ва гуфт, ки дар сурати адами тавофуқи ҷонибҳо барои ташкили эътилофи нав, вай ҳайати парлумонро пароканда ва таърихи баргузории интихоботи навро таъйин хоҳад кард. Моҳи гузашта эътилофи норанҷии парлумони Украина бо сабаби аз ҳайати он берун шудани ҳизби раиси ҷумҳурӣ Юшенко пароканда шуд. Вай гуфт, ки ин иқдом ба нишони эътироз аз тарафдории ҳизби нахуствазир Юлия Тимошенко аз ҳизби рӯ ба Русияи парлумон барои заъиф кардани салоҳиятҳои раиси ҷумҳурӣ карда шудааст. Юшенко ва Тимошенко соли 2004 дар садри инқилоби норанҷӣ сари қудрат омаданд, аммо аз он замон то имрӯз мушкилоти зиёд доштаанд.

XS
SM
MD
LG