Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русҳо Гурҷистонро тарк мекунанд


Нирӯҳои русӣ ба тарки манотиқи амн ё буферии атрофи манотиқи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон шурӯъ карданд. Сухангӯи нирӯҳои русӣ гуфт, ки артиши онҳо ҳамаи шаш посгоҳи воқеъ дар беруни Осетияи Ҷанубиро холӣ мекунанд. Хабаргузориҳои русӣ мегӯянд, ки посгоҳи аслии артиши рус дар Каралетӣ хароб карда шуда субҳи имрӯз булдозерҳо деворҳои сохтмонро бо замин яксон карданд. Наворбардори Ройтерс аз Абхозистон гузориш медиҳад, ки мошинҳои низомии артиши рус аз пойгоҳи воқеъ дар наздикии Зугдидӣ, ғарби Гурҷистон баромада, вориди хоки Абхозистон шуданд. Русия бояд то рӯзи ҷумъа, мутобиқи қарордоди оташбаси миёни Русияву Гурҷистон, ки бо миёнҷигарии Иттиҳодияи Аврупо ҳосил шудааст, артиши худро аз хоки Гурҷистон берун кашад. Ҳайати нозирони Иттиҳодияи Аврупо аз беруншавии нирӯҳои рус назорат мекунанд.
XS
SM
MD
LG