Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи талотуми нархҳо дар бозорҳои молӣ


Normal 0

Бозори молии Ню-Йорк дирӯз бо болоравӣ ба тиҷорат оғоз кард, вале баъдан қиматҳо дубора рӯ ба пойин оварданд ва дар нимаи рӯз шохиси аслии ин бозор беш аз 300 нуқта коҳиш ёфт. Раиси Бонки марказии Амрико Бен Бернанке дар ҳамин ҳол ҳушдор додааст, ки асароти бӯҳрони молӣ барои иқтисоди Амрико метавонад то хеле муддат маҳсус бимонад.

Чунин арзёбиҳои нохушбинонаи Бернанке ҳадсу тахминҳо дар бораи эҳтимоли пойин бурдани фоизаи баргаҳои қарз дар нишасти навбатии Бонки марказии Амрико дар поёни моҳи октябрро бештар мекунад.

Рӯзи сешанбе қимати саҳом дар бозорҳои Аврупо низ ибтидо каме боло рафта, сипас дигарбора пойин омад. Русия, ки ба як бӯҳрони сахти молӣ гирифтор шудааст, дирӯз ба хотири муқобила ба ин бӯҳрон наздики 1 триллион рубл, муодили 40 миллиард доллар ҷудо кард. Испания ба ҳамин мақсад дирӯз 30 миллиард евро ихтисос дода гуфт, дар сурати зарурат, ин маблағро то ҳадди 50 миллиард евро хоҳад афзуд.

Дирӯз масъалаи бӯҳрони молӣ дар гуфтугӯҳои телефонии раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш бо раҳбарони Бритониё, Фаронса ва Итолиё баррасӣ шудааст.


XS
SM
MD
LG