Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Теҳрон ҳавопаймои Маҷористонро фуруд овардаанд


Normal 0

Вазорати дифоъи Маҷористон, ё худ Венгрия, гуфт, Эрон як ҳавопаймои ҳомили мақомоти низомии ин кишвари аврупоиро иҷборан дар фурудгоҳи Теҳрон ба замин шинондааст. Далели ба нишастан дар хоки Эрон маҷбур кардани ин ҳавопаймо сӯъитафоҳумҳо дар бораи ҳаққи вуруд ба ҳарими ҳавоии Эронро доштани ҳавопаймои мазкур будааст.

Мақомоти эронӣ баъдан ба ҳавопаймои маҷорӣ иҷоза додаанд, ки парвозаш ба Афғонистонро идома диҳад.

Хабаргузории нимарасмии Форс Нюс ибтидо хабар дод, ки як ҳавопаймои амрикоии ҳомили мақомоти низомии он кишварро дар хоки Эрон ба замин шинондаанд.


XS
SM
MD
LG