Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони рӯзи мотами миллӣ дар Қирғизистон


Қирғизистон ба хотираи қурбониёни заминларзаи шадиди шаби 5 бар 6 октябр рӯзи сешанберо рӯзи мотами миллӣ кард.

Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури Қирғизистон, ба минтақаи заминларза парвоз кард ва аз ҷои ҳодиса боздид намуд, ки гуфта мешавад, 75 кушта бар ҷой гузоштааст.

Ба гуфтаи Алишер Туқсонбоев, хабарнигори радиои Озодӣ, дар минтақаи ҳодиса президент Боқиев бо осебдидагони зилзила дар ноҳияи Олой мулоқот кард ва ба пайвандони қурбониён ибрози ҳамдардӣ намуд. Вай афзуд, раисиҷумҳури кишвар зарардидагони заминларзаро итминон дод, ки ҳукумат тамоми чораҳои заруриро ҷиҳати интиқоли кӯмакҳои фаврӣ ба онҳо пиёда хоҳад кард.

Ҳамкори мо гуфт, ки рӯзи сешанбе қурбониёни ҳодиса ба хок супурда шуданд ва Қурмонбек Боқиев дар маросими дафни онҳо ширкат кард. Бакир Ҷулчиев, муъовини вазири вазъи изтирории Қирғизистон, ба радиои Озодӣ гуфт, ки теъдоди қурбониёни заминларза дар деҳаи Нураи ноҳияи Олой ба 75 нафар расид.

Ба гуфтаи Бакир Ҷулчиев, дар ҳамин ҳол масъалаи ба ҷои дигар кӯчонидани сокинони ҷон басаломатбурдаи деҳаи Нура мавриди баррасӣ қарор дорад.

Муъовини вазири вазъи изтирорӣ афзуд, мақомот яке аз минтақаҳои ноҳияи Қаросӯро барои сукунати доимии муҳоҷирони иҷборӣ интихоб кардаанд, аммо аксарияти сокинони деҳаи Нура минтақаеро интихоб карданд, ки ба шаҳри Ӯш наздик аст.

Мадамин Қаратаев, муъовини вазири сиҳати оммаи Қирғизистон, мегӯяд, ки аз теъдоди умумии қурбониёни зилзила 32 нафарро кӯдакони синни томактабӣ ва 11 нафарро хонандагони мактаб ташкил мекунанд. Оқои Қаратаев гуфт, дар ҳамин ҳол 142 осебдидагони заминларза ба бемористонҳои вилоят интиқол ёфтаанд ва таҳти назорати пизишкон қарор доранд.

Ба гуфтаи ӯ 92 нафари онҳо кӯдаконанд, ки ҳанӯз ба дарки маънии ин ҳодиса нарафтаанд ва намедонанд, ки аксарият бар асари ин ҳодисаи фоҷиабор аз падару модар ҷудо шудаанд.

Тибқи хабарҳои расида, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ирсоли як барқия ва баъди изҳори ҳамдардӣ ба президент Боқиев афзудааст, ки кишвараш омодааст, ба Қирғизистон дар рафъи оқибатҳои ин ҳодиса кӯмак хоҳад кард.

Манбаъҳои расмии Қирғизистон мегӯянд, ки аз фонди президент ва нахуствазири ин кишвар барои осебдидагони заминларза 4 миллион сом ё муодили 110 ҳазор доллари амрикоӣ, ихтисос дода шуд.

Аммо парвози аввалин ҳавопаймои ҳомили кӯмакҳои башардӯстона аз Русия, ки мебоист соати чаҳори баъд аз зуҳри рӯзи сешанбе ба майдони ҳавоии шаҳри Ӯш фуруд меомад, бо сабабҳои номаълум ба таъвиқ афтодааст. Гуфта мешавад, дар ин ҳавопаймо доруву дармон, ҳафт хаймаи бузурги дорои бухорӣ, ки барои таъсиси мактабҳои муваққатӣ ихтисос дода шудааст, ҳамчунин анвоъи хурокворӣ интиқол хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG