Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Уфти қиматҳо дар Осиё имрӯз низ идома кардааст


Normal 0

Фурӯши саҳмияҳо дар бозорҳои Осиё субҳи имрӯз низ бо уфти қиматҳо оғоз ёфта, Nikkei, як шохиси умдаи бозори Ҷопон дар соъоти аввали фурӯшот 5 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ин дар ҳолест, ки дирӯз бозорҳо дар саросари дунё шоҳиди уфти башиддати қиматҳо будаанд.

Дow Jones, умдатарин нишондиҳандаи бозорҳои молии Амрико, барои нахустин бор дар 4 соли охир аз ҳадди 10 000 нуқта пойин шуд. Ба иллати уфти башиддат фурӯши саҳмияҳо дар бозорҳои бурс дар Русия ва Бразилия пеш аз мӯҳлат қатъ карда шуд. Шохисҳои бозори Русия то 19 фоиз коҳиш ёфта, ин бозор дар як рӯз 102 миллиард доллар бой додааст. Евро, воҳиди пули 15 кишвари Аврупо, ба сатҳи барои 13 моҳи охир бесобиқа пойин рафта, ба 1 доллару 35 сент баробар шудааст. Нархи як бушкаи нафти хом низ акнун зери 90 доллар шудааст.


XS
SM
MD
LG