Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайравии се кишвари аврупоӣ ба Олмон


Normal 0

Имрӯз чанд кишвари дигари Иттиҳодияи Аврупо бо пайравӣ ба Олмон ваъдаи ҳифзи амонатҳои мардум дар бонкҳоро доданд, то нигарониҳо аз бӯҳрони молиро фурӯ нишонанд. Дания, Шветсия ва Австрия гуфтанд, ҳаҷми амонатҳоеро, ки дар сурати варшикастагии бонкҳо баргардонда мешаванд, афзоиш медиҳанд. Ҳафтаи гузашта Ирландия ва Юнон низ чунин иқдом карданд. Рӯзи якшанбе Ангела Меркел - садри аъзами Олмон гуфт, ҳукумати кишвараш замонати ҳифзи тамоми амонатҳоеро медиҳад, ки дар бонкҳои хусусӣ гузошта шудаанд.

XS
SM
MD
LG