Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути арзиши саҳҳом дар бозорҳои ҷаҳонӣ


Normal 0 Normal 0

Бинобар нигарониҳои афзоянда аз вусъати бӯҳрони ҷаҳонии молӣ қимати саҳҳом дар бозорҳои молии саросари ҷаҳон башиддат суқут кард. Аз ҷумла нархи саҳҳом дар биржаҳои Ландан, Франкфурт ва Порис бештар аз 5 дар сад поён омада ва дар Ҷопон ба ҳадде расид, ки дар зарфи чаҳор соли гузашта мушоҳида нашудааст. Дар биржаи молии Русия баъди 14 дар сад поён омадани шохиси муҳими саҳҳом дар кишвар муомилот бо саҳҳомро мутаввақиф карданд. Суқут дар бозорҳои молӣ баёнгари шакку тардид аз чораҳои андешидаи Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Аврупо аст, ки то чӣ ҳад метавонанд, аз амиқрафти бӯҳрон дар бозорҳои молӣ ҷилавгирӣ мекунанд.


XS
SM
MD
LG