Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Владимир Путин ба Минск рафт


Normal 0 Нахуствазири Русия Владимир Путин имрӯз вориди шаҳри Минск шуд, то бо раиси ҷумҳури Белорус Александр Лукашенко дидору гуфтӯгу кунад. Ба иттилоъи мақомоти расмӣ, дар мулоқот қимати гази содиротӣ барои Ҷумҳурии Белорус ва масъалаи додани қарз ҷиҳати харидани гази табиӣ аз Русия баррасӣ мешавад. Ба тахмини расонаҳои Русия Владимир Путин ҳамчунин саъй хоҳад кард, то Ҷумҳурии Белорусро ба эътирофи Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ мойил намояд. Коре, ки Русия баъд аз муноқишааш бо Гурҷистон дар моҳи август кард. Александр Лукашенко гуфтааст, ки масъалаи эътирофи он ду минтақаи ҷудоихоҳро ба ихтиёри порлумони нави кишвараш мегузорад, ки қарор аст, охири ҳамин моҳ ба фаъолият шурӯъ кунад.
XS
SM
MD
LG