Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муттакӣ: "Ба кишвари мо ҳамла намекунанд"


Normal 0

Манучеҳри Муттакӣ - вазири умури хориҷаи Эрон, дар мусоҳибае бо ҳафтаномаи Нюсвик имрӯз гуфтааст, кишвараш бовар надорад, ки Амрико ва Исроил ба далели барномаҳои атомӣ ба Эрон ҳамлаи низомӣ кунанд. Манучеҳри Муттакӣ дар айни ҳол аз иқдоми ҳукумати Амрико истиқбол кардааст, ки моҳи июл Вилям Бурнс, намояндаи вазорати умури хориҷаашро, ба музокироти Эрону Иттиҳодияи Аврупо ба шаҳри Женева фиристода буд. Вай ин иқдоми Амрикоро “воқеъгароёна” хондааст. Манучеҳри Муттакӣ рӯзи якшанбе гуфт, ҳатто агар кишварҳои ғарбӣ замонатҳои лозим барои таъмини сӯхти ҳастаӣ ба Эронро диҳанд, ин кишвар аз ғанисозии ураниум даст нахоҳад кашид. Ҷумҳурии Исломии Эрон бинобар сарпечӣ аз талаби муттавақиф кардани фаъолиятҳои ғанисозии ураниум, таҳти таҳримоти Созмони Милал қарор дорад. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон мехоҳад, бомби атомӣ бисозад.

XS
SM
MD
LG