Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зилзилаи пурқурбонӣ дар Қирғизистон


Заминларзаҳои паёпай, ки имшаб дар Осиёи Марказӣ рух дод, беш аз 60 кушта дар Қирғизистон бар ҷой гузоштаанд.

Шумори кушташудагони зилзила дар Қирғизистон дар ҳоли ҳозир 65 нафар гуфта мешавад. Хабаргузориҳо менависанд, деҳае бо номи Нур дар вилояти Ӯш дар ҷануби Қирғизистон тахриб шуда, ва аксари қурбониён аз ин деҳа будаанд.

Дар дигар қисматҳои ноҳияи Олой низ биноҳо хароб шудаанд.

Шаби якшанбе ба душанбе, соати тақрибан 9-и шаб зилзила дар шаҳри Душанбе низ эҳсос шуда буд. Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон шиддати заминларза дар Душанбе 3-4 дараҷа гуфт. Дар Хоруғ 4-5 дараҷа будааст. Аз харобаҳо ва қурбониён дар хоки Тоҷикистон ба Кумитаи ҳолоти изтирорӣ хабаре нарасидааст.

Маркази заминларза дар 450-километрии шимолу шарқи Душанбе, дар марзи Чин бо Қирғизистон буд, ки шиддати заминларза он ҷо 8 дараҷаро ташкил медод.

XS
SM
MD
LG