Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларзаҳои шадид дар Қирғизистону Чин


Normal 0

Шаби гузашта, соати 21-у 52 дақиқаи вақти маҳаллӣ як заминларзаи шадиди қудраташ 6,6 балл тибқи ҷадвали Рихтер, ҷануби Қирғизистонро таккон додааст, вале мақомоти он кишвар мегӯянд, ин зилзила хисороти ҷониву молие дар пай надоштааст. Пажӯҳишгоҳи заминшиносии Амрико мегӯяд, маркази заминларза 55-километрии ҷануби Саритош, дар наздикии марз бо Тоҷикистону Қирғизистон будааст. Ҳамагӣ баъд аз чанд дақиқаи ин зилзила як заминҷунбии дигар бо иқтидори 5,7 балл дар вилояти Шинҷони Чин сабт шудааст.


XS
SM
MD
LG