Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташдиди тадобири амниятии Руссия дар Осетиёи Ҷанубӣ


Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Руссия дастур додааст, ки дар Осетиёи Ҷанубӣ дар минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон тадобири шадиди амниятӣ руи даст гирифта шавад. Ин дар ҳолест, ки рузи ҷумъа дар натиҷаи инфиҷоре дар назди дафтари нируҳои посдори сулҳи Руссия дар Тсхинвалӣ 8 сарбози рус кушта шуданд. Кохи Кремл мегуяд, Медведев ба мақомоти дифоъи кишвараш дастур додааст, ки барои ҷилавгирӣ аз аъмоли ҷиноӣ бар зидди сарбозони Руссия ва шаҳрвандони Осетиёи Ҷанубӣ ҳамаи тадобири заруриро андешанд. Рузи ҷумъа дар инфиҷоре 8 сарбози Руссия ва 3 ғайринизомӣ кушта ва 8 сарбози дигар ҷароҳат бардоштанд.

XS
SM
MD
LG