Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5-уми октябр Рузи Ҷаҳонии Омузгор аст


Имруз, 5-уми октябр Рузи Ҷаҳонии Муъаллим аст. Бино ба тасмими ЮНЕСКО ё Созмони омузишӣ ва илмиву фарҳангии вобаста ба СММ, аз соли 1994 ба су ҳар сол дар ин руз омузгорони саросари ҷаҳон рузи ҳирфаии худро баргузор мекунанд. Ҳоло дар 100 кишвар 5-уми октябрро Рузи Ҷаҳонии Муъаллим мешиносанд. Бино ба маълумоти СММ, то соли 2015 дар саросари ҷаҳон 18 милёни дигар омузгор зарур хоҳад буд. Бино ба омори мавҷуда, дар Тоҷикистон камбуди тақирибан 7 ҳазор муъаллим мушоҳида мешавад. Баъзе донишҷуёне, ки фокултаҳои омузгориро хатм мекунанд, ба кори омузгорӣ намераванд. Дар бисёре аз манотиқ омузгорон ба далели ночиз будани дастмузд ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд. Соли ҷорӣ яке аз ҳадафҳои СММ дар ин рузи ҳирфаӣ мубориза бо камбуди омузгор, мубориза бо набуди эҳтиром ба омузгор дар ҷомеъаи кунунӣ дар ҷаҳон ва дастмузди ночизи омузгор аст.

XS
SM
MD
LG