Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

7 қурбонии нирӯҳои русӣ дар Осетияи Ҷанубӣ


Мақомоти Осетияи Ҷанубӣ гуфтанд, ки рӯзи ҷумъа як мошини ҳомили бомба дар наздикии қароргоҳи низомиёни рус мунфаҷир шуд ва дар натиҷа ҳафт нафарро ба ҳалокат расонд. Интерфакс дар нақли қавл аз фармондеҳи нирӯҳои русӣ генерал-майор Марат Кулахметов мегӯяд, ки дар ин ҳодиса ҳамчунин ҳафт низомӣ захмӣ шуданд. Дафтари матбуотии маъмурияти ин ҷумҳурии ҷудоихоҳ гуфт, ки мошини мазкур дар як деҳаи гурҷитабори Осетияи Ҷанубӣ баъди ошкоршавии аслиҳа дар дохили он мусодира шуд. Баъдан он дар наздикии сохмоне таркид, ки аз ҷониби нирӯҳои посдори сулҳи Русия истифода мешуд. Вазорати дохилаи Гурҷистон дафъатан эҳтимоли даст доштанашро дар ин ҳодиса рад кард ва онро як амали таҳрикомезе унвон кард, ки ҳадафаш ҷилавгирӣ аз берун шудани нирӯҳои русӣ аз хоки Гурҷистон буда метавонад.
XS
SM
MD
LG