Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили парлумони Қирғизистон нопадид шуд


Полиси Қирғизистон машғули ҷустҷӯи вакили парлумон Руслан Шаботоев аст, ки аз таърихи 30 сентябр инҷониб нопадид шудааст. Вай шаби ҳамон рӯз бори охир аз манзилаш як занги телефонӣ карда баъди ин гумном шуд. Телефони ҳамроҳи вай ҳам қатъ шудааст. Шаботоев аз ҳизби сотсиал-демократ мебошад, ки танҳо ҳизби мухолифин дар парлумон мебошад. Шаботоев дуруст дар пешорӯи интихоботи маҳаллии парлумон нопадид шудааст, ки дар таърихи 5 октябр баргузор мешавад. Аҳзоби мухолифин умеди зиёд доранд, ки дар ин сабқат дубора метавонанд ба парлумонҳои маҳаллӣ роҳ ёбанд.
XS
SM
MD
LG