Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Болоравии нархи маводи ғизоӣ дар Эрон


Моҳҳои ахир дар Ҷумҳурии исломии Эрон нархи маводи ниёзи аввалия, аз қабили биринҷу гӯшт, беш аз 30 дарсад боло рафтааст.

Аксари эрониҳо сиёсатҳои нокоми президент Маҳмуди Аҳмадинажодро сабаби афзоиши нархҳо дар ин кишвари саршор аз захираҳои маводи сӯхт унвон медиҳанд. Ба гуфти коршиносон ноқаноатмандӣ аз иқдомҳои ҳукумат метавонад имкони пирӯзии дувуми Аҳмадинажод дар интихоботи раёсатҷумҳуриро коҳиш диҳад. Соли оянда эрониҳо президенти нави ин кишварро интихоб хоҳанд кард ва раисҷумҳури кунунӣ Аҳмадинажод яке аз довталабҳои асосии ин мансаб аст.

Тибқи омори бонки марказии Эрон нархи маводи ғизоӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта беш аз 30 дарсад афзоиш ёфтаанд. Болоравии қимати маводи ғизоӣ дар саросари олам ҷой дорад, вале ҳамзамон бо он дар Эрон нархи хадамоти тиббӣ, хона, нерӯи барқ ва дигар навъҳои хадамот афзоиш ёфтааст.

Як ронандаи шаҳри шимолии Рудсар бо номи Маҳдӣ моҳе тахминан 200 доллар ба даст меорад, ки қариб нисфи он барои иҷораи манзил масраф мешавад. Маҳдӣ дар сӯҳбат бо радои Фардо гуфт, ки аз харидории баъзе маводи ниёза аввалия худдорӣ мекунад, зеро даромадаш кофӣ нест.

Вақтҳои ахир ба вижа дар шаҳрҳои Эрон мардум дар ду ва ё се ҷо кор мекунанд, то рӯзгорашон таъмин бошад. Тобистони соли гузашта Бонки марказии Эрон иброз дошт, ки наздик ба чоряки 65 миллион аҳолии ин кишвар дар нодорӣ ба сар мебаранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки захираҳои нефту гази Эрон дар ҷаҳон дар ҷои дуюм қарор доранд ва танҳо фурӯши нефт моҳона ба Ҷумҳурии исломӣ то 7,5 миллиард доллар даромад меорад.

Ба ақидаи иқтисоддонҳои эронӣ сиёсатҳои нокоми молӣ ва иқтисодии президент Аҳмадинажод боиси камбағалии мардум ва афзоиши таваррум шудааст. Бонки марказии Эрон мегӯяд, вақте Аҳмадинажод сари қудрат омад, мизони таварруми Эрон ба 12 дарсад баробар буд. Ҳоло ин рақам, яъне мизони таваррум ба 25 мусовӣ шудааст.

Иқтисодшиноси теҳронӣ Маҳдии Тағавӣ мегӯяд, ки ҳукумат бахши бузурги даромади нефту газро ба иқтисод ворид намуда, истеҳсолоти дохилиро барҳам зад. Ба қавли ин иқтисодшинос ҳукумат мебоист даромади аз фурӯши нафт ба даст омадаро дар хориҷа сармоягузорӣ мекард, то ин пул боиси таваррум нашавад.

Беҳруз Ҳодӣ Зануз устоди иқтисоди Донишгоҳи Алома Таботабоии Теҳрон мегӯяд, ҳукумат саъй дорад, вазъро тағйир диҳад, вале то кунун ба натиҷае нарасидааст.

Президенти Эрон мафияи иқтисодӣ ва таварруми саросариро сабаби асосии болоравии нархҳо дар Эрон медонад. Моҳи сентябр Аҳмадинажод раиси бонки марказии Эрон Таҳмасб Мазоҳириро аз вазифааш барканор намуд. Ин дувумин раиси бонки марказӣ аст, ки дар давраи раёсатҷумҳурии Аҳмадинажод аз ин мансаб сабукдӯш мегардад. Мунаққидони Аҳмадинажод мегӯянд, Мазҳирӣ мухолифи тақдими қарзҳои ба истилоҳ "арзон ё худ сабук" буд ва мегуфт, ки ин амал боиси афзоиши таваррум мешавад.

Вале президенти Эрон аснои сафарҳояш ба деҳоти ин кишвар ваъда дода буд, ки ба мардуми камбизоат қарзҳои сабук медиҳад. Ба гуфти шореҳон тибқи нақша ин амал бояд дар интихоботи соли оянда ба Аҳмадинажод кумак расонад.

Аслан Аҳмадинажод бо ваъдаи тақсими одилонаи даромад аз нафт ва беҳбуди рӯзгори мардуми камбизоат сари қудрат омадааст. Вале афзоиши таварруму бекорӣ ҳаёти камбағалҳоро боз ҳам душвортар кардааст.

XS
SM
MD
LG