Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошкоршавии меламин дар ғизои кӯдаконаи Русия


Тибқи гузоришҳо, нозирони ғизо дар Русия ҳудудан ду тонна шири хушки сохтаи Чинро ошкор кардаанд, ки бо маводи саноатии меламин заҳролуд шудааст. Генадий Онишенко, раиси хадамоти эпидемиологии Русия гуфт, ки шири хушки заҳролудшуда дар шаҳри Хабаровски Шарқи Дур ошкор ва мусодира шудааст. Ин шаҳр дар марз бо Чин воқеъ аст. Ҳафтаи ҷорӣ Русия содироти ҳама маҳсулоти шириву панири сохти Чинро манъ кард. Тасмими мазкур баъди он гирифта шуд, ки дар қаламрави ин кишвар чаҳор тифл бар асари заҳролудшавӣ аз истеъмоли хӯроки кӯдакони дорои меламин фавтида, 53 ҳазор тифли дигар ба бемористонҳо интиқол ёфтанд.
XS
SM
MD
LG