Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Рашт силоҳҳо супурда мешаванд


Мирзохӯҷа Аҳмадов ва ҳамроҳонаш силоҳҳои худро ба мақомоти интизомии кишвар таслим хоҳанд кард.

Ин иқдом пас аз як мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мирзохӯҷа Аҳмадов, сардори шӯъбаи мубориза зидди ҷиноятҳои созмонёфта дар водии Рашт пеш гирифта шудааст.

Ин хабарро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур, дар ҷамъи мардум дар варзишгоҳи шаҳраки Ғарм дирӯз, 2 октябр, гуфтааст. Ӯ гуфтааст, ки «бо ҷавонмардони бонангу номуси ноҳия сӯҳбат доштам. Мо маслиҳат кардем, ки онҳое ки дар даст силоҳ доранд, силоҳҳои худро то соати панҷи субҳ(-и имрӯз) бисупоранд.»

Хабарнигори минтақавии Радиои Озодӣ дар Рашт Маҳмуди Шодӣ мегӯяд, президент, бо сардори шӯъбаи мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил дар водии Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадов мулоқот кардааст. Ва дар ин вохӯрӣ президент Раҳмон ваъдаи авф низ кардааст.

Ахиран, як гурӯҳ занҳо дар назди ин ниҳод дар Рашт гирд омада, тақозои супоридани силоҳҳоро карда буданд.

Баҳори имсол дар натиҷаи як даргирӣ дар минтақа миёни кормандони минтақавии УБОП, ки раисаш Мирзохӯҷа Аҳмадов аст ва ОМОН-и вазорати умумри дохилаи кишвар, раиси он ОМОН Олег Захарченко кушта шуда буд. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон он замон бо як баёнияи расмӣ дар ин қазия Мирзохӯҷа Аҳмадов ва ҳамроҳони ӯро муҷрим дониста буд.

Ва аммо дар вохӯрии дирӯза бо мардуми Ғарм президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар моҳи шарифи Рамазон ҳама гуна кинаву кудурат бояд аз дилҳо дур карда шавад. Ӯ таъкид кард, ки аз ҳамагуна кӯшишҳо ҷилавгирӣ карда шавад, то нооромиҳои солҳои навадум такрор нашавад.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG