Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Медведев бо Меркел роҷеъ ба Гурҷистон


Normal 0

Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел дирӯз дар Санкт-Петербург ихтилофи назар доштани худ дар масъалаи Гурҷистонро бармало карданд.

Дар ҳамоиши муштараки мақомот ва маҳофили Олмону Русия, мавсум ба “Гуфтугӯи Санкт-Петербург”, Меркел хостори ҳусни бештари тафоҳум байни Русияву Ғарб шуд, вале дар айни ҳол ба танқиди сиёсатҳои Русия дар Гурҷистон пардохта, гуфт, масъалаи тамомияти арзии Гурҷистон ҷойи баҳс надорад.

Медведев ин интиқодҳоро радд кард ва хостори гуфтугӯи мустақим байни Русия ва Ғарб шуда, гуфт, ҳарду ҷониб бояд ба оянда нигоҳ кунанд, на ба гузашта.


XS
SM
MD
LG