Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтилофи Медведев ва Меркел рӯи қазияи Гурҷистон


Имрӯз президенти Русия Дмитрий Медведев ва кантслери Олмон хонум Ангела Меркел дар арзёбии низои Гурҷистон рӯи рост ихтилоф нишон доданд.

Аснои нишасти матбуотӣ дар шаҳри Санкт Петербурги Русия Меркел даъват кард. ки ҳамдигарфаҳмӣ миёни Аврупо ва Русия таҳким ёбад. Ҳамчунон раҳбари олмонӣ сиёсатҳои Русия дар Гурҷистонро танқид кард.

Вале Медведев танқидро напазируфт:

"Мо ба вазъе рӯ ба рӯ шудаем, ки дар он нифоқу бепарвоии бидуни маҳдудият дар ҳамроҳӣ бо миллатгароии сӯлтаҷӯёна саъй доранд, ҳамдардии ҷомеаи ҷаҳониро касб намоянд. Ин бори аввал нест, ки ҷаҳон бо чунин инҳироф даст ба гиребон мешавад ва бори аввал нест, ки баъзеҳо фирефтаи чунин тарғиботи бебок мешаванд."

Меркел ҳамзамон ихтилофи назари Аврупову Русия дар минтақаи назди Днестри Молдова, Косово ва Боснияву Ҳертсеговинаро хотирнишон кард.

Медведев изҳор намуд, ки Русия ва мамолики ғарбӣ ба рӯшаниандозии бештар ва музокирот ниёз доранд. Раҳбари Русия мегӯяд, тарафайн "бояд тамаркуз ба гузаштаро канор гузошта, дар фикри оянда бошанд."
XS
SM
MD
LG