Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш ҳаёти чор покистониро аз байн бурд


Имрӯз бар асари таркиши зоҳиран маргталабона дар шимолу ғарби Покистон камаш 4 кас кушта шуданд. Ба қавли полиси шаҳри Чорсада аз эҳтимол дур нест, ки ҳадафи бомбгузори маргталаб хонаи раиси ҳизби ҳоким дар вилояти шимолу ғарбии наздимарзӣ будааст. Сиёматдор ҷароҳат набардоштааст. Дар манотиқи шимолу ғарби Покистон ҷангҷӯёни марбут бо Толибон ва Ал-Қоида фаъол мебошанд.
XS
SM
MD
LG