Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррозо хостори ҳамкорӣ алайҳи бӯҳрони молӣ шуд


Normal 0

Рӯзи чоршанбе Жозе Мануил Баррозо, раиси Кумиссиюни Аврупо, ниҳоди иҷроияи ИА, гуфт, давлатҳои аврупоиро лозим аст, дар амри таъмини субот дар низоми молии аз бӯҳрони ҷаҳонӣ зарбахӯрдаашон ҳамкории боз ҳам танготанг нишон диҳанд. Жозе Барррозо гуфт, ин ҳукуматҳо бояд ҷиҳати ихтисоси маболиғу сармоя барои бонкҳое, ки ба вартаи бӯҳрон уфтодаанд муштаракан амал кунанд ва ба хотири эъмори дубораи эътимод тасмимҳое бигиранд, ки табиъати дарозмуддат дошта бошад: “Ин танҳо масъалаи рехтани сармоя ба хотири ҳифзи қобилияти ба пул табдил додани сиҳом нест. Моро лозим аст дар посухе, ки Аврупо ба ин бӯҳрон медиҳад, таҳкими эътимодро низ ҷой диҳем. Мо ба ҳамин хотир кишварҳои узв дархост ва талаб мекунем, ки зичтар ҳамкорӣ кунанд.”

Раҳбари Кумиссиюни Аврупо ҳамчунин хостори таҳияи қоидаҳои ҷадиди арзёбии риски сармоягузориҳо ва ҳам назорати шадидтар бар фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ дар саросари Аврупо шуд.

Қимати саҳмияҳои бонкҳо дар саросари Аврупо тайи рӯзҳои охир хеле пойин рафтанд ва давлатҳо маҷбур хшуданд ба хотири наҷоти чандин ниҳоди бонкӣ мустақиман дахолат кунанд.

Бонки Инглистон фақат рӯзи гузашта ба хотири кӯмак ба бонкҳое, ки ба мушкилоти молӣ дучор шудаанд, боз 40 миллиард доллари дигар қарзи кӯтоҳмуддат ҷудо кард.

Қарор аст, раҳбарони 4 қудрати бузурги иқтисодии Аврупо – Фаронса, Бритониё ва Олмону Итолиё- рӯзи шанбе дар Порис роҳҳои раҳоӣ аз бӯҳрони ҷаҳонии молиро баррасӣ кунанд.


XS
SM
MD
LG