Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи Сафед аз тарҳи наҷот пуштибонӣ кард


Кохи Сафед изҳори умедворӣ кард, ки имрӯз Сенати Конгресси Амрико тарҳи таҳриршудаи 700-миллиарддолларии наҷоти низоми моливу бонкии ин кишварро ба тасвиб мерасонад. Тони Фратто, сухангӯи Кохи Сафед гуфт, ки раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш имрӯз бо сенаторҳо дар ин мавзӯъ сӯҳбат хоҳад кард. Рӯзи душанбе тадбирҳои наҷоти низоми молии Амрико аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Конгресс рад шуд. Дар кори Сенат имрӯз инчунин номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико - Ҷон МакКейн ва Барак Обама ширкат хоҳанд кард. Ҷорҷ Буш мукарраран аз аъзои Конгресс даъват кард, тарҳи раҳоӣ аз бӯҳрони молиро пуштибонӣ кунанд. Вай гуфт, ҳар рӯзи таъхир дар амри тасвиби ин барнома авоқиби сахтеро ба дунбол дошта, радд шудани ин барнома амрикоиҳои оддиро дар муқобили як фалокат қарор медиҳад.

XS
SM
MD
LG