Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пентагон: Ироқ гирифтори моҷароҳои қавмист


Гузориши нави Пентагон ҳокист, ки пешрафтҳои ахири амниятии Ироқ "шикананда, баргаштпазир ва ноҳамвор" мебошад. Гузориши мазкур, ки барои ошноӣ ба Конгресс ироа шудааст, мегӯяд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ва алорағми берун шудани нирӯҳои амрикоӣ аз бархе қисматҳои кишвар, мизони хушунатҳо дар ин кишвар 77 % коҳиш ёфтааст. Аммо дар айни замон, гузориш ҳушдор медиҳад, ки Ироқ ҳамоно дар банди даргириҳои қавмӣ барои дастёбӣ ба қудрат ва захираҳои табиӣ гирифтор мемонад. Барои барқарории амнияти дарозмуддат дар Ироқ гузориши мазкур таъсири Эронро чун як хатари аслӣ арзёбӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG