Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хулосаи манфии ҳукумат ба як пешнависи ҲНИТ


Муҳиддини Кабирӣ
Муҳиддини Кабирӣ

Мақомоти кишвар дар баробари пешнависи қонуни дин, ки аз сӯи ин ҳизб ба порлумон пешниҳод шуда буд, хулосаи манфӣ додааст.

Дар ин бора Муҳидини Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва ҳам вакили мардумӣ дар Маҷлиси Намояндагон хабар дод.

Оқои Кабирӣ мегӯяд, ба ҳар ҳол, ин хулосаи охирин нест ва ҲНИТ ҳақ дорад, ки нукоти эродгирифтаи вакилони мардумӣ дар порлумон ва мақомоти расмиро ислоҳ намуда, онро аз нав барои баррасӣ пешниҳод кунад: “ Агарчи хулосаи манфӣ ворид шудааст, банда ҳамчун вакил ҳуқуқ дорам, ки бо назардошти он хулоса ва афкори ҳамкоронам дар порлумон, як тарҳи алтернативиро аз сари нав пешниҳод кунам ”.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҲНИТ нахустин шуда дар моҳи феврали имсол пешнависи қонуни дин ва созмонҳои диниро ба порлумон ироъа карда буд. Феълан ҳукумат низ як тарҳи қонуни динро ба порлумон пешниҳод кардааст, ки интизор меравад муҳокимаи он дар оғози моҳи октябр шурӯъ шавад. Тарҳи қонуни дин, ки аз тарафи мақомоти расмӣ пешниҳод шудааст, чор бор тағийру иловаҳо дида, борҳо мавриди накӯҳиши созмонҳои байнулмилаливу дохилӣ ва ҳам ақаллиятҳои мазҳабӣ дар кишвар қарор гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, шумори онҳое ҳам, ки аз баъзе нукоти тарҳи ҲНИТ чандон ризо нестанд, кам набудаанд. Абдуллоҳи Раҳнамо, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, аз нигоҳи мактаби қонунгузории Тоҷикистон, ки бозмонда аз ҳукумати Шӯравист, пешнависи қонуни дин аз сӯи ҲНИТ як андоза ғайриодӣ буд. А. Раҳнамо таъкид мекунад, ки лоиҳаи қонуни дини ҲНИТ дар қиёс бо тарҳи қонуни дини мақомоти расмӣ фазои боз дошт ва муносиботи давлат бо диндорон ва ё муносиботи давлат бо динро сода месохт. Оқои Раҳнамо дар тавзеҳи ин мавзӯъ гуфт: “Тарҳе, ки Муҳиддин Кабирӣ пешниҳод кард, аз назари худи нигоҳ ба масъала фарқ дошт. Ин тарҳ бештар равобити дину давлат ва равобити созмонҳои динӣ бо давлатро ҳамчун як чизи табиъӣ мегирифт. Он усулитар буд, яъне ба тарви ҷузъӣ масоъилро матраҳ намекард”.

Бархе дигар аз коршиносон қонуни кунунии дин ва созмонҳои диниро аз беҳтарин намунаҳои қонуни дин ва созмонҳои динӣ дар миқёси кишварҳои пасошӯравӣ медонанд. Онҳо мегӯянд, ин қонун барои фаъъолияти озоди диндорон ва ақаллиятҳои мазҳабӣ дар кишвар шароити мусоъид ва баробар фароҳам овардааст.

Акнун суъоли боз ин аст: то чи андоза ҳукумати кишвар қодир аст тарҳи алтернатавии ҲНИТ-ро, ки интизор меравад ба ин зудиҳо дубора пешниҳод гардад, пазирад?
XS
SM
MD
LG