Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА гуфт, интихоботи Беларус мутобиқи меъёр набуд


САҲА имрӯз гуфт, ки интихоботи парлумонии Беларус алорағми пешравиҳои кӯчакаш аммо мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ набудааст. Йенс-Ҳаген Айшенбайхер, сухангӯи дафтари Институтҳои демократии САҲА дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт:

"Арзёбии кулии мо ин аст, ки интихоботи парлумонӣ дар Беларус, алорағми пешравиҳои андакаш, мутобиқ ба меъёрҳои САҲА набудааст".

Гузориши нозирони интихоботии САҲА ҳокист, ки раъйдиҳии рӯзи якшанбе куллан хуб танзим шуда буд, аммо дар шумори раъй ба тақаллуб роҳ дода шуд. САҲА гуфт, ки нозирони онҳо ба беш аз сеяки қитъаҳои раъйдиҳӣ роҳ наёфтанд ва дар бархе ҳолатҳои дигар тақаллуби махсуси баргаҳоро ба қайд гирифтаанд. Субҳи имрӯз Комиссиюни марказии интихоботҳои Беларус гуфт, ки аҳзоби мухолифин натавонистанд дар интихоботи парлумонии рӯзи якшанбе ба ҳадди аққал як курсии маҷлис даст ёбанд.

XS
SM
MD
LG