Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Миср ҷаҳонгардони хориҷӣ аз гарав раҳо шуданд


11 ҷаҳонгард ва 8 мисрие, ки дар минтақаи дурдасти марзии Миср беш аз як ҳафта пеш рабуда шуданд, озод гардиданд ва тибқи гузоришҳо сиҳҳатии хуб доранд. Вазорати хориҷаи Итолиё ин хабарро тасдиқ кардааст. Дар миёни сайёҳони ба гарав бурдашуда панҷ шаҳрванди Итолиё, панҷ олмонӣ ва як табааи Руминия буданд. Ҳанӯз тафсилоти ҷараёни озодшавии онҳо мушаххас нест. Миср гуфт, ки ҷаҳонгардони хориҷӣ аз ҷониби гурӯҳи мусаллаҳе рабуда шуда ба Судон интиқол шуданд. Дар даргириҳое бо артиши судонӣ рӯзҳои истироҳати гузашта чанд мусаллаҳ ба ҳалокат расиданд. Рабояндагон талаби пардохти 6 миллион Евроро барои раҳоии хориҷиҳо пеш гузоштанд.

XS
SM
MD
LG